Волоҳазрат шоҳзода Карим Оғохони IV – пешвои исмоилиёни ҷаҳон рӯзи 30-юми октябр ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар доираи сафари меҳмони олиқадр гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ дар назар аст.

Рӯзи 31-уми октябр шоҳзода Карим Оғохони IV ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пуршукӯҳи ҳусни оғоз бахшидан ба сохтмони пули нав твассути рӯдхонаи Панҷ миёни рустоҳои Шоҳон (Тоҷикистон) ва Хоҳон (Афғонистон) ширкат хоҳанд варзид.

Баъди боздид аз макони сохтмони пули мазкур раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзал дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки мавриди истифода қарор гирифтани пули мазкур ба таҳкими эътимоду боварӣ миёни аҳолии ду соҳили рӯдхонаи Панҷ, пурсамар гардидани фаъолияти хадамоти марзбонии ду кишвар дар самти пешгирӣ кардани убури ғайриқонунии марз аз ҷониби қочоқбарони афғон ва ғоратгарон мусоидат хоҳад кард.

Ба гуфтаи раиси вилоят, дар макони сохтмони пули нав минтақаи озоди савдо таъсис дода мешавад, ки ба ҳавасмандсозии аҳолии ду ҷониб ҷиҳати афзоиши зироату маҳсулот ва эҳёи касбҳои гуногун имкон фароҳам месозад.

Айн замон дар ду деҳаи Шоҳони Поён ва Шоҳони Боло дар 53 оила 369 нафар зиндагӣ мекунанд. Дар ҷамоати Даштиҷум, ки деҳаҳо ба қаламрави он шомиланд, феълан 5772 нафар сокинон иқомат доранд.

Ёдрас мекунем, ки бо иштироки Бунёди Оғохон моҳи августи соли равон дар ноҳияи Ванҷ тавассути рӯдхонаи Панҷ низ як пули нав боз гардид. Лоиҳа мутобиқи созишномаи сеҷониба миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Бунёди Оғохон оид ба рушд амалӣ гардида буд. Дарозии пул 216 метр буда, борбардориаш 30 тоннаро ташкил медиҳад. Барои сохтмони ин пул беш аз 3 млн. доллари ИМА масраф гардид.