Дар Вазорати корҳои хориҷии Тҷумҳурӣ миёни Тоҷикистон ва Шӯрои Федеролии Конфедератсияи Швейтсария як қатор асноди ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, миёни ҷонибҳо Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федеролии Конфедератсияи Швейтсария дар бораи баамалбарории фаъолияти муздноки меҳнатии шахсони ҳамроҳикунандаи аъзои намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва намояндагиҳои доимӣ, Протоколи мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба тасдиқи Конвенсияи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата нисбати андозҳо аз даромад ва сармоя ба тасвиб расид.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин маросими супоридани ёддошти Вазорат дар бораи иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федеролии Швейтсария дар бораи ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ва пешниҳод оид ба эътибор пайдо намудани он барпо шуд.

Зикр гардид, ки ба ҳуҷҷатҳои мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ ва аз ҷониби Конфедератсияи Швейтсария Сафири Фавқулода ва Мухтори он кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бошишгоҳ дар шаҳри Остона Стефан Неллен имзо гузоштанд.