Департаменти иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия дар сомонаи расмии худ мавқеъашро нисбат ба ҳабси шаҳрванди Русия Владимир Садовничий дар Тоҷикистонро шарҳ дод.

Гуфта мешавад, 16-уми май мудири шӯъбаи консулгарии сафоратхонаи Русия дар Душанбе ҳамроҳи намояндаи расмии Хадамоти федералии амнияти Русия дар Тоҷикистон бо директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Ролкан» С. Полуянов вохӯрдаанд. Ӯ вазъро фаҳмонида, ба онҳо ариза ба номи сафир дар бораи мусоидатро супурдааст. Дар Вазорати корҳои хориҷии Русия низ бо намояндаи ширкат мулоқот ороста шудааст.

Рӯзи дигар сафорат ба унвони раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов мактуби расмӣ ва ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нота ирсол намуда, шарҳи вазъро дархост кардааст. Чунин кор ҳамчунин дар бахши намояндагии Хадамоти федералии амният дар Тоҷикистон низ роҳандозӣ шуда буд.

«Посухҳои ба мо расида гувоҳи онанд, ки гӯё Тоҷикистон барои айбдор кардани халабонон далелҳои асоснок дорад. Ғайр аз ин, то имрӯз дар бораи ҷойи бақайдгирии ҳавопаймоҳо, сертификатҳои коршоямӣ барои парвоз ва сертификатҳои оператор маълумоте мавҷуд нест. Директори генералӣ ин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод карда наметавонад», - зикр мегардад дар иттилооти ВКХ-и Русия.

Ҳамчунин гуфта мешавад, «сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон масъалаи таъмини ҳуқуқҳои қонунии шаҳрванди Русияро таҳти назорат қарор дошта, намояндаи сафоратхона дар мурофиаҳои судӣ дар Қӯрғонтеппа оид ба ин парванда доимо иштирок менамояд».

Ёдрас мекунем, ки 12-уми марти соли равон пас аз анҷоми қарордод дар қаламрави Афғонистон халабонони ду ҳавопаймои Ан-72 – шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония бо супориши мақомоти раҳбарии ширкат аз фурудгоҳи Кобул ба самти фурудгоҳи Қӯрғонтеппа парвоз мекунанд. Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, «халабонони ҳавопаймоҳо иҷозати убури сарҳади давлатиро надоштанд ва ҳангоме ки ба онҳо барои фуруд омадан ба фурудгоҳи Қӯрғонтеппа посухи рад дода шуд, халабонон бо роҳи фиреб фурудоии маҷбуриро дархост карданд». Дар таърихи 12-уми май Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нисбат ба онҳо мутобиқи моддаҳои 218 (Вайрон кардани қоидаҳои парвози байналминалӣ), 289 (Қочоқ) ва 335 (Ғайриқонунӣ гузаштан аз  сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Мурофиаи судӣ оид ба парвандаи ду халабони ширкати ҳавопаймоии «Ролкан Инвестментс ЛТД», ки дар минтақаи оффшории ҷазираҳои Вирҷиния ба қайд гирифта шудааст, рӯзи 12-уми октябри соли равон дар шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз гардид.