Намояндагони Вазорати корҳои хориҷии  ИМА Евгени Румер, Келли Кивелер ва Марк Ҳенди зуҳри дирӯз меҳмони ҲНИТ буданд ва бо Саидумар Ҳусайнӣ, ҷонишини аввали раиси ҲНИТ дар мавриди таҳаввулоти кишварҳои Араб ва вазъи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон табодули назар карданд.

Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИт хабар доданд, аз ҷониби намояндагони ИМА дар хусуси таҳавулоти кишварҳои Араб зикр гардид, ки дар васоити ахбори оммаи ҷаҳон ин таҳввулотро кори дасти ИМА мансуб медонанд, муболиғае беш нест. Ба назари онҳо, ИМА чунин қудрат надоштааст.

Чун сухан дар хусуси  Ҷумҳурии Афғонистон рафт, аз мизбон  суол карда шуд, ки оё  бо Афғонистонро тарк кардани нерӯҳои хориҷӣ ин кишвар метавонад ҳукумати худро рӯи кор биёраду ихтилофе байни қавмҳои пашту  ва форсу ӯзбак сар назанад? Зимнан Саидумар Ҳусайнӣ  вуруди ИМА ва дигар кишварҳои хориҷиро ба хоки Афғонистон манфӣ арзёбӣ намуд.

Ҳамзамон ӯ аз сафараш ба Афғонистон ҷиҳати ширкат дар маросими ҷанозаи Устод Раббонӣ ёдовар шуда, гуфт: охирин маротибае, ки дар Афгонистон будам, чунин бардошт намудам, ки мардуми Афгонистон, яъне намояндагони ҳама ақвом – пашту, тоҷик ва ӯзбак тарафдори якпорчагии ин кишвара буда, зидди дахолати хориҷиён ба корҳои дохилидавлатии худ ҳастанд. Дар идомаи сӯҳбат Саидумар Ҳусайнӣ фарзияҳои қисмат шудани Афғонистонро рад кард, бо такя ба он ки агар чунин як тафриқандозӣ аз ҷониби абарқудратҳо пиёда нашавад.

Ба қавли ӯ,  ҳар кишваре ки мехоҳад ба Афғонистон дасти кӯмак дароз кунад, бояд холисона амал намояд, на ин ки ҳадафҳои сиёсии худро дар он ҷо пиёда кунад.