Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни сӯҳбат масъалаи шаҳрванди рус Владимир Садовничий, ки аз ҷониби Суди шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон маҳкум шудааст, мавриди муҳокима қарор гирифт.

 Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҳамтои худ иттилоъ дод, ки дар рафти баррасии парванда мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми меъёрҳои мурофиавиро, ки аз ҷониби қонунгузории миллии кишвар ва ӯҳдадориҳои байналмилалии он пешбинӣ гардидаанд, риоя кардааст.

 Ҳамрохон Зарифӣ изҳори таассуф намуд, ки нисбати парвандае, ки ба нақзи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон рабт дорад, феъли сиёсӣ таҳмил карда шудааст. Дар бобати арзи ҳамтои худ перомуни саривақт надодани маълумот дар бораи шаҳрванди дастгиршудаи Федератсияи Россия, ӯ қайд сохт, ки дар давраи тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия ва Сафорати Россия дар Тоҷикистон оид ба парвандаи мазкур на шифоҳӣ, на хаттӣ ягон маротиба ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон муроҷиат накардааст.

 Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон радифи муносибатҳои шарикии стратегиро бо Россия қатъиян пайравӣ мекунад ва бар он аст, ки зимни баррасии масъалаҳои шабеҳ онҳо мебояд ба робитаҳои зичи бисёрасраи миёни ҳарду кишвар такя намуда, масъалаҳои ба миёномадаро тариқи гуфтушунид дар фазои дӯстӣ ва ҳамкорӣ ҳал кунанд.

 Вазири корҳои хориҷии Россия С. Лавров фикру мулоҳизаҳои худро доир ба масъалаи зикргардида иброз дошта, аз ҷониби тоҷикистонӣ мусоидатро дар ҳалли мушкили мазкур хоҳиш намуд.

Ҳамчунин гуфтугӯи телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Эстония Урмас Паэт баргузор гардид.

 Дар рафти сӯҳбати телефонӣ масъалаи вобаста ба шаҳрванди Эстония Алексей Руденко, ки дар Тоҷикистон маҳкум шудааст, баррасӣ гардид.

 Вазири корҳои хориҷии Эстония изҳори сипос намуд, ки ҷониби Тоҷикистон саривақт ба муроҷиати ҷониби эстонӣ ҷавоб дод ва ба иштироки намояндагони Эстония дар мурофиаи судӣ мусоидат намуд. Ҳамзамон, Урмас Паэт аз ҳукми эълоншуда изҳори нигаронӣ карда, онро «сахт» номид ва хоҳиш намуд, то барои баррасии шикояти кассатсионӣ кӯмак расонад. Ҳамчунин ӯ пешниҳод намуд, ки дар оянда Созишнома дар бораи истирдоди маҳкумшудагон миёни ду кишвар ба имзо расонида шавад.

 Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҳамтои худ аз ҳамкории дуҷонибаи пурсамар изҳори сипос гуфт. Оид ба масъалаи маҳкумшуда ӯ қайд намуд, ки дар рафти дастгирӣ ва маҳкум намудани Алексей Руденко мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ тамоми меъёрҳои мурофиавиро риоя кардаанд. Ҳамзамон, ҷониби тоҷикистонӣ омодааст дар чаҳорчӯби қонунгузории кишвар ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар ҳалли ин қазия мусоидат намояд.