Чанде қабл дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия ҳудуди 25 нафар ҷамъ омада, тақозо карданд, ки халабонҳои ҳафтаи гузашта дар шаҳри Қӯрғонтеппа маҳкумшуда озод карда шаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, эътирозгарон нимаи рӯз дар назди бинои сафоратхона бо шиору лавҳаҳо гирдиҳам омадаанд.

«Эътирозгарон худро намояндаи ташкилоти «Молодая гвардия» номида, озодии халабонҳоро тақозо доштанд», - гуфтанд дар сафоратхона.

Бино ба иттилои манбаъ, ин намоиши эътирозӣ муддати се соат идома ёфта, бидуни содир шудани ҳеҷ бетартибие ва оромона сурат гирифтааст.

«Мо қаблан аз баргузории он огаҳ ва ба он омода гардида, ҳамчунин барои назорати вазъ намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳаллиро даъват карда будем», - афзуд манбаъ.

Дар идома манбаъ афзуд, қаблан дар назди бинои сафоратхона як гурӯҳи дигари шаҳрвандон намоиши эътирозӣ доир сохта буданд.