Халабони русиягии ҳавопаймои ширкати «Rolkan» Владимир Садовничий, ки бо ҳукми мақомоти додгоҳии Тоҷикистон аз толори додгоҳ озод карда шуд, изҳор кардааст, ки хадамоти махсуси Тоҷикистон онҳоро моил сохтаанд, ки ҷиҳати кумак ба дипломатҳои рус муроҷиат накунанд.

Садовничий дар Маскав гуфтааст, зимни боздошт дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз ӯ пурсидаанд, ки оё ӯ дар артиши Афғонистон кор намекунад. Ҷунин суолу пурсишҳо нисбати ҳамтои эстонии ӯ Алексей Руденко низ сурат гирифтаанд.

Ба қавли Садовничий, пас аз боздошти ҳайат, онҳоро ба меҳмонхона бурда, дархост кардаанд, ки дар ин хусус сарусадо баланд накунанд.

Ба гуфтаи халабони рус, онҳоро барои он ҳабс кардаанд, ки ду хавопаймои Ан-72-ро соҳиб шаванд, зеро ин навъи ҳавопаймоҳо барои шароити Тоҷикистон хеле мусоид аст. Ҳамин тариқ, халабони рус, ангезаи сиёсӣ доштани қазияи мазкурро рад кард.

Қаблан дар мусоҳиба ба «Газета.ру» Садовничий изҳор кард, ки аз директори генералии ширкати «Rolkan» Сергей Полуянов талаб кардаанд, ки ҳавопаймоҳоро тариқи фурӯш ба як рубл ё ҳамчун тӯҳфа супорад ва дар ин сурат халабонҳо озод карда мешаванд.

Аммо Полуянов ба ин муомилот розӣ нашудааст ва аз ин рӯ, дигар ҳайати ҳавопаймоҳо пас аз ду моҳ ҷавоб дода шуда, ду нафар роҳбарони ҳавопаймоҳо муддати нӯҳ моҳ дар боздоштгоҳи шаҳои Қӯрғонтеппа ба сар бурданд.

Дар мусоҳиба ба газетаи «Известия» Садовничий гуфтааст, «намояндагони хадамоти махсуси Тоҷикистон ба онҳо гуфтаанд, ки нисбат ба онҳо ҳеҷ норозигие надоранд».