Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими расмии сари мансаб омадани президенти нави Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, ки рӯзи 1-уми декабр дар шаҳри Бишкек доир мегардад, ширкат хоҳад варзид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукмати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар чаҳорчӯби иштирок дар ин чорабинӣ сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин бо сарони як қатор кишварҳое, ки дар маросими савгандёдкунӣ ва расман сари вазифа омадани президенти нави Қирғизистон иштирок мекунанд, дидору гуфтушунид хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки бо фармони президенти амалкунандаи Қирғизистон Роза Отунбоева санаи расман ба иҷрои вазифа шурӯъ кардани президенти нави Қирғизистон ба 1-уми декабр таъин шуд. Барои баргузории ин маросим кумитаи тадорукотӣ таъсис дода шудааст, ки барномаи чорабиниҳоро таҳия месозад.

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар маъракаи интихоботи президентӣ дар таърихи 30-юми октябр бо касби 1 млн. 161 ҳазор раъй пирӯзӣ ба даст овард. Дар маъракаи интихоботии пешин, ки моҳи июли соли 2009 баргузор шуда буд, ӯ танҳо ба 195 ҳазор овоз соҳиб гардида буд.