Анҷумани навбатии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, ки бояд рӯзи 26-уми ноябр ба кор оғоз мекард, ба санаи 4-уми декабр мавқуф гузошта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров хабар дод, сабаби баргузор нагардидани анҷуман бинобар обуҳавои номусоид дар ағбаи Шаҳристон  баста будани роҳи мошингард миёни маркази ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд аст.

«Қарор шуд, ки вакилони анҷуман аз вилояти Суғд дар ҳайати 12 нафар рӯзи шанбе тавассути қатора ба пойтахт меоянд», - гуфт вай.

Ба қавли ӯ, ба рӯзномаи анҷуман ҳисоботи шӯрои сиёсии ҲСДТ дар солҳои 2007-2011 ва ҳисоботи комиссияи марказии тафтишотии ҳизб ворид карда шудаанд.

«Ҳамчунин дар анҷуман Оинномаи ҳизб дар таҳрири нав баррасӣ ва қабул гардида, дар сохтор ва фаъолияти ҳизб тағйироти тадорукотиву ҳуқуқӣ сурат мегиранд ва мақомоти раҳбарии нави ҲСДТ интихоб мегардад», - иброз дошт Р.Зойиров.

Ба қавли номбурда, вакилони анҷуман ҳамчунин дар бораи вазифаҳои навбатӣ ва барномаи фаъолияти ҲСДТ барои солҳои 2011-2015 низ қарор қабул хоҳанд кард.

Ёдрас мекунем, ки ҲСДТ дар таърихи 18-уми ноябри соли 1998 дар Вазорати алия ба қайд гирифта шуд. Шумори аъзои он 7 ҳазору 700 нафарро ташкил медиҳад. ҲСДТ ҳизби мухолифи ҳукумати кунунӣ аст.