Имрӯз зимни ифтитоҳи ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров нисбат ба қазияи қатли ваҳшиёнаи шаҳрванди тоҷик Бахтиёр Расулов дар шаҳри Санкт-Петербург изҳори назар карда, ин ҷиноятро қотеъона маҳкум намуд.

Раиси МН МО ҶТ ба наздикону хешовандони фавтида изҳори ҳамдардӣ намуда, гуфт, прокурори генералии Русия ва мақомоти шаҳрдории Санкт-Петербург бояд ин далелро дақиқан мавриди тафтиш қарор диҳанд.

«Ин ҳодисаи аввалин нест, ки дар қаламрави Русия нисбати тоҷикон ба ин монанд ҷиноёти мудҳишу бераҳмона содир карда мешавад. «Мо аз мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Русия талаб менамоем, ки дар кори ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон чораҳои ҷиддиву амалӣ ва муассир андешида шавад», - иброз дошт вай.

Дар идома Ш.Зуҳуров зикр кард, ки ояндаи наздик бо супориши ӯ раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадалӣ Ватанов ба шаҳри Санкт-Петербург сафарбар мешавад.

« Дар он ҷо ҷаноби Ватанов бевосита бо ҷараёни тафтишоти парвандаи ҷиноии мазкур шинос шуда, бо сохторҳои қудратии дахлдори шаҳри Санкт_Петербург дидору гуфтушунид мекунад ва пас аз бозгашт аз натиҷаҳои сафар вакилонро огоҳ месозад», - афзуд раиси МН МО ҶТ.