Маъракаи интихоби вакилон ба Думаи давлатии Русия дар вазъи орому осоишта ҷараён гирифта, ҳеҷ як қонуншикании дағалу ҷиддии муқаррароти қонунгузории интихоботии Русия сабт нашуд. Чунин баҳо дод ба маъракаи интихоботи парлумонии зикршуда дар Русия вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Галия Рабиева, ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботи Русия аз Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ ба сифати нозири байнулмилалӣ сабт гардида буд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳангомаҳои бардоштаи як қатор ВАО-и Русия атрофи интихобот умуман асоси воқеӣ надоранд. «Мушкили асосии маъракаи интихоботии мазкур сатҳи пасти ҳозир шудани инихобкунандагон ба ҳавзаҳои интихоботӣ буд. Ба фикри ман, ин гувоҳи он аст, ки ҳудуди 40%-и интихобкунандагони ҳозирнашуда ба ҳеҷ яке аз аҳзоби сиёсӣ эътимод надоранд ё сиёсат барои онҳо дигар ҳеҷ эътиборе надорад», - гуфт вай.
Г. Рабиева гуфт, камбудиҳое, ки ба мақомот нозирони байнулмилалӣ пешниҳод карданд, ба масоили техникии баргузории интихобот рабт дошт. «Масалан, нозирон аз Канадаву Фаронса бинои хурд барои овоздиҳӣ, нодуруст гузоштани қуттиҳои овоздиҳӣ ва ғайраро ҳамчун камбуд унвон карданд», - таъкид сохт вакил.
Ёдрас мекунем, ки дар маъракаи интихобот ба Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Русия ҳамаи 7 ҳизбҳои сиёсии кишвар ширкат варзиданд. Бино ба маълумоти ахири Комиссияи марказии интихоботи Русия, дар Думаи Давлатии даъвати шашум чор ҳизби сиёсӣ соҳиби курсӣ шуданд. Ҳамин тариқ, ҳизби «Единая Россия» ба 238 ҷой, Ҳизби коммунисти Русия – 92, «Справедливая Россия» - 64 ва Ҳизби либерал-демократии Русия ба 56 курсии парлумонӣ соҳиб шуданд.
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон иваз шуд
Тоҷикистониён кадом расонаҳоро бештар пайгирӣ мекунанд?
Маоши кам сабаби тарки соҳа кардани мутахассисон дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ шудааст
Дар вилояти Курск кор дар таксиро барои муҳоҷирон манъ карданд
Дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон “эҳтимоли табодули қитъаҳо” ҳангоми ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро истисно надонист
Интиқом барои террор дар “Крокус” ё чораҳои зиддитеррористӣ? Омили аслии бархӯрди шадиди Русия бо шаҳрвандони Тоҷикистон чист?
Сафири Амрико аз водии Рашт боздид кард
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири ИМА-ро ба ҳузур пазируфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста