Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси навбатии Шӯрои байнидавлатии Иттиҳодии иқтисодии Авруосиё, ки дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони ҳамаи давлатҳои аъзо ва нозири ин созмон ҷамъ омаданд.

Хотиррасон бояд намуд, ки аъзои он давлатҳои Беларус, Русия, Тоҷикистон ва Қазоқистону Қирғизистон мебошанд. Арманистон давлати нозир ба шумор мераванд.

Сарвари давлати Тоҷикистон зимни изҳори андеша ба марҳилаи нави раванди муттаҳидшавӣ ворид шудани давлатҳои аъзои Иттиҳодии иқтисодии Авруосиёро «посух ба оқибатҳои ҷаҳонишавӣ» номида, изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд барои ба сатҳи ҳамкории воқеан стратегӣ баровардани муносибатҳои кишварҳои аъзои созмон тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.

Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон, «ҳиссаи кишварҳои аъзои ин созмон дар мизони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон беш аз 35%-ро ташкил дод». «Афзоиши ҳиссаи кишварҳои алоҳидаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар ин мизон суръати хеле баланд дорад», - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон. Ба иттилои сарвари давлат, «дар тиҷорат бо Тоҷикистон ҳиссаи Беларус нисбат ба соли гузашта 148%, Қирғизистон 138% ва Қазоқистону Русия 160%  афзоиш ёфт». 

Бо ишора ба ин рақамҳо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт: «кишварҳои аъзои Иттиҳод, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ба ҳамдигар сахт вобастаанд, танҳо дар ҳамдастӣ метавонанд оқибатҳои сангини буҳронҳои ҷаҳонии иқтисодию молиявиро пушти сар кунанд».

Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба мушкилоти Тоҷикистон вобаста ба таъмини бехатарии энергетикию озуқаворӣ бори дигар кишварҳои минтақа ва аъзои ин созмонро «барои мавриди истифодаи босамару оқилона ва ба кулли минтақа судбахш қарор додани имкону захираҳои гидроэнергетикии кишвари мо» ба ҳамкории наздик даъват намуд.