Чанде қабл мачлиси фаврии Шӯрои Марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан» - ҷиноҳи ҷавонони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он масъалаи қатли ҷавони 24-сола Парвиз Давлатбеков шоми рӯзи 31-уми декабр мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси ташкилоти мазкур Адҳам Мирсаидов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки сарфи назар аз бо кадом мақсад содир шудани ин ҷиноят, аъзои ҷавони ҲХДТ онро маҳкум намуда, аз ҷавонони тоҷик даъват ба амал меоварад, ки алайҳи ривоҷи зӯроварӣ дар кишвар муттаҳид гарданд.

«Нисбати ин ҳодиса мо бетараф буда наметавонем, зеро ҳам ҷинояткорону ҳам ҷабрдида ҷавононанд. Мо ба афроди ҷонибдори ривоҷи зӯроварӣ дар ҷомеа хотиррасон карданием, ки мутобиқи Конститутсия, Тоҷикистон кишвари дунявӣ аст ва дар ҷумҳурӣ озодии инсону виҷдон ва шаҳрванд аз ҷониби қонун ҳимоя мешавад», - гуфт А.Мирсаидов.

Дар поёни маҷлис изҳорот қабул шуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ҳодисаи нохушеро, ки аз ҷониби гурӯҳи ҷавонон дар шаби Соли нав дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа ҷони як нафар ҷавони 24-сола Парвиз Давлатбековро рабуд, маҳкум намуда, аз ҷавонони бонангу номус даъват меорад, ки ҳамеша муттаҳид бошанд ва нагузоранд, ки дар афкору арзишҳои инсондӯстонаи миллати сарбаланди тоҷик халал ворид шавад.

Ҷавононе, ки ваҳшиёна ба ин амали номатлуби ғайриинсонӣ даст задаанд, аслан ҷавонони ғофил аз худшиносиву бехабар аз арзишҳои миллии худ мебошанд ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ҷонибдори он аст, ки онҳо тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шуда, сазовори ҷазои арзанда гарданд, зеро дар давлати дунявӣ, ки Конститутсия озодии инсон ва шаҳрванд, озодии виҷдонро кафолат додааст, ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад ба озодии касе таъсир расонад.

Аз номи Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ба кулли наздикону пайвандони Парвиз Давлатбеков арзи тасаллият баён намуда, ба онҳо аз даргоҳи поки яздон сабри ҷамил хоҳонем».

Ёдрас мекунем, ки ҷиноҳи ҷавонони ҲХДТ – «Созандагони Ватан» моҳи апрели соли 2011 таъсис дода шуда, моҳи ноябри соли 2011 аз қайди Вазорати адлия гузашт.  Ба гуфтаи А.Мирсаидов, имрӯз ҳудуди 8 ҳазор ҷавонони тоҷик хоҳиши узвият ба ташкилотро доранд ва наздик ба 52 ҳазор аъзои ҷавони ҲХДТ аллакай узви ташкилот мебошанд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, феълан дар сафҳои худ 150 ҳазор нафар тоҷикистониёнро муттаҳид менамояд. Раиси ҳизби мазкур сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аст.