Узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Ҷамолиддин Маҳмудов ва мутахассиси комиссияи мазкур Аҳлиддин Бӯриев ҷиҳати шомил гардидан ба ҳайати нозирони байнулмилалӣ дар маъракаи интихоботии президенти Туркманистон, ки  12-уми феврали соли равон доир мегардад, ба ин кишвар фиристода мешаванд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз КМИР Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба маълумоти Комиссияи марказии интихоботии Туркманистон, то имрӯз ба 8 нафар аз 15 довталаб шаҳодатномаи номзадӣ ба интихоботи президент супурда шудааст.

Миёни онҳо ба ҷуз президенти феълии кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, вазири хоҷагии об, вазири энергетикаву саноат, роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳо ва сохторҳои нафту газ ҳузур доранд.

Мутобиқи Конститутсияи Туркманистон, президенти кишвар шахсе метавонад интихоб шавад, ки синнусолаш на поинтар аз 40 ва на болотар аз 70 бошаду, забони давлатиро донад, муддати 15 соли ахир дар ҷумҳурӣ иқомат дошта бошад ва дар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаву ташкилот ва муассисаҳо фаъолият карда бошад. Президент ба муҳлати 5 сол интихоб гардида, ҳамчунин раиси ҳукумати Туркманистон хоҳад буд.