Чанде қабл гуфтугӯи телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расул баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни сӯҳбат Ҳ. Зарифӣ ба ҳамтои афғонистонии худ З. Расул барои мусоидат дар озод кардани шаҳрванди Тоҷикистон Яков Николаевич Тсой, ки дар ҳабсхонаи Пули Чархии ҶИА қарор дошт, изҳори сипос намуд.

Ба иттилои манбаъ, баъдан вазирони корҳои хориҷии ҳарду кишвар масъалаи омодагӣ ба гузарондани Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V)-ро, ки ба 26-27 марти 2012 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, мавриди муҳокима қарор доданд. Ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба лоиҳаҳои минтақавӣ оид ба бунёди инфрасохторҳо ва коммуникатсияҳо, ки зимни конфронс бо иштироки Тоҷикистон, Афғонистон, дигар кишварҳои манфиатдор, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ пешниҳод мегарданд, баррасӣ шуданд.

Зикр гардид, ки дар рафти гуфтугӯи телефонӣ вазирон Ҳамрохон Зарифӣ ва Залмай Расул инчунин ба масъалаҳои омодагӣ ба ҷашни Рӯзи байналмилалии Наврӯз, ки бо иштироки як қатор сарони давлатҳо дар шаҳри Душанбе барпо мегардад, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуданд.