Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Директори намояндагии минтақавии Бонки Исломии Рушд дар ш. Алмаато Ҳошим Толиб Маъруф мулоқот кард.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар рафти вохӯрӣ масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд ва имкониятҳои рушди ояндаи он муҳокима гардиданд.

Ҷонибҳо масъалаи гузаронидани Панҷумин конфронси минтақавии ҳамкории иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA V), иштироки ҳайати БИР бо сардории Президенти он Аҳмад Муҳаммад Алӣ дар кори конфронс ва таҷлили иди байналхалқии Наврӯзро муҳокима карданд.

Яке аз мавзӯъҳои асосии мулоқот – ин иштироки БИР дар лоиҳаҳои бузурги инфрасохтории Тоҷикистон дар оянда, дастгирии соҳаи бонкӣ, хусусан соҳаи микрокредитӣ ва дастгирии ширкатҳои хурд ва миёна буд.

Бояд қайд кард, ки дар соли 2011 маблағи умумии амалиётҳои маъқулдонисташудаи гурӯҳи БИР дар Тоҷикистон қариб 211 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996 ба БИР ҳамроҳ шуда, то имрӯз БИР ба 44 лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, роҳсозӣ, энергетика ва хоҷагии қишлоқ маблағгузорӣ намудааст.

Айни замон Бонки Исломии Рушд дар Ҷумурии Тоҷикистон 17 лоиҳаро амалӣ менамояд. Аз ҷумла, барқарорсозии сектори энергетикӣ, сохтмони стансияҳои обию барқии хурд дар маҳалҳо, лоиҳаи интиқоли минтақавии қувваи барқ, таъмин намудани Душанбе бо оби нӯшокӣ, сохтмони роҳи Шоҳон-Зиғар, сохтмон ва таҷҳизонидани беморхонаи байниноҳиявӣ дар ш. Данғара ва барқарорсозии мактабҳои миёна.