Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Акбар Солеҳӣ рӯзи 7-уми март бо сафари расмии серӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ҷараёни сафар дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, аснои сафари вазири корҳои хориҷии Эрон масоили марбут ба рушди муносибатҳои ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла мавриди истифода қарор додани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқии Сангтӯда-2 дар рӯдхонаи Вахш, ки бо маблағгузории Эрон бунёд мегардад, анҷоми сохтмони нақби «Истиқлол» ва оғози сохтмони нерӯгоҳи обӣ-барқии «Айнӣ» дар дарёи Зарафшон мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Манбаъ ҳамчунин зикр кард, ки ахири моҳи март ташрифи президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон дар назар аст.

Президенти Эрон ният дорад, ки рӯзи 25-уми март бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омада, дар чорабиниҳои идона бахшида ба таҷлили Ҷашни байнулмилалии Наврӯз ширкат варзад.