Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиакбар Солеҳиро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд.

Аз муҳтавои ҳамгироиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва хусусан дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки баъди анҷоми пурраи бунёди нерӯгоҳи Сангтӯда-2 ба эъмори нерӯгоҳи Айнӣ дар болои рӯди Зарафшон шуруъ намудани ҷониби Эрон қадами устувори навбатии ду кишвари дӯсту ҳамзабон дар роҳи таҳким ва густариши робитаҳои судбахш хоҳад буд.

Зикр гардид, ки ҳоло 150 ширкати эронӣ дар Тоҷикистон фаъолияти босамар доранд. Ҳаҷми мубодилоти молӣ миёни ду кишвар дар соли 2011 ба беш аз 204 миллион доллари амрикоӣ расид, ки нисбат ба соли 2010 102% зиёд аст.

 Бо вуҷуди ин, таъкид гардид, ки тибқи имкону захираҳои фаровони мавҷуда ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Эрон бояд аз имрӯза ба маротиб бештар бошад.

 Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба масоили минтақавию байналмилалӣ, мусоидат ба бозсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

 Баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Конфронси 5-уми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ доир ба Афғонистон, ки даҳаи сеюми моҳи март дар Тоҷикистон баргузор мегарданд, дорои аҳамияти бузург арзёбӣ гардид.