Чанде қабл ба муносибати 20-солагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Туркманистон дар Созмони Милали Муттаҳид дар толори пазироии меҳмонхонаи «The Pierre» дар Ню-Йорк зиёфати бошукӯҳи расмӣ баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зиёфатро намояндагиҳои доимии Тоҷикистон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Туркманистон якҷоя созмон доданд. Дар зиёфат сафирон ва намояндагони кишварҳои аъзои СММ, роҳбарони ниҳодҳои гуногуни низоми СММ, шаҳрвандони кишварҳои баргузоркунандаи зиёфати расмӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигарон иштирок намуданд.

 Дар зиёфати расмӣ Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ва Намояндаи доимии Туркманистон дар СММ хонум Оқсултон Атоева (ба сифати дуайен) суханронӣ карданд. Дар суханрониҳо нақши арзандаи кишварҳои мазкур дар тӯли 20 соли ҳамкории гуногунсоҳа бо Созмони Милали Муттаҳид таъкид гардид.

 Чунон ки маълум аст, 2 марти соли 1992 Маҷмаи Умумии СММ дар иҷлоси 46-уми худ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои мазкурро ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид қабул намуда буд. Аз он замон ҳамкорӣ бо СММ ба яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Дар тӯли 20 сол Тоҷикистон дар баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои гуногуни ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намудааст.