Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ВАО-и Русия даъват кард, ки ҳамкориҳои мавҷудаи Тоҷикистону Русияро воқеӣ инъикос намоянд ва таъкид сохт, ки Русия шарики стратегии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
«Ман мехостам, ки тавассути ВАО-и Русия дар бораи муносибатҳои дуҷониба, шароити будубоши русзабонон дар Тоҷикистон маълумоти воқеӣ пешниҳод гардад ва шахсоне суханронӣ накунанд, ки ҳатто дар харита дар куҷо будани Тоҷикистонро намедонанд, - гуфт имрӯз зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии МИСиС дар шаҳри Душанбе сарвари давлат. – Ман гуфтаниам, ки дар ҷомеаи Русия дар бораи Тоҷикистон, сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба маълумоти воқеӣ мавҷуд нест. Мо чандин сол аст, ки ба ин ноил шуданием, вале маълумот ҳамоно таҳрифомез пешниҳод мегардад».
Ба гуфтаи сарвари давлати Тоҷикистон, Русия дар Тоҷикистон дорои иншоотест, ки дар дигар кишварҳои минтақи Осиёи Марказӣ мавҷуд нест. Ба сифати мисол Э.Раҳмон пойгоҳи низомии 201-ум ва маҷмааии кайҳонии «Окно»-ро номбар кард. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, журналистони русро мебояд ҳамкории низомиву техникӣ, узвияти Тоҷикистон дар СААД ва ИДМ-ро воқеъбинона инъикос созанд.
«Маълумоти воқеиро пешниҳод кунед, бигзор ҷомеаи Русия бифаҳмад, ки Тоҷикистон дар куҷо воқеъ асту кӣ аз Русия дар кишвари мо дар кадом шароит кору зиндагӣ дорад», - зикр кард президент.
«Мо ба манфиатҳои шарики стратегии худ эҳтиром мегузорем, вале шарики стратегӣ низ бояд аз манфиатҳои шарикону иттифоқчиён пуштибонӣ намояд. Мо дар саросари ҷаҳон мушоҳида мекунем, ки абарқудратон ба иттифоқчиёни худ дар минтақа чӣ гуна муносибат доранду аз манфиатҳои онҳо чӣ тарз ҳимоят мекунанд, - изҳор кард Эмомалӣ Раҳмон. – Ин арзу шикоят нест, ман танҳо дархост карданиам, ки маълумот дар бораи муносибатҳои мардуми тоҷику рус, ҳатто бо сарфи назар кардани муносибатҳои ду пешво ва маҳз муносибатҳои мардум ба ҷомеаи Русия воқеӣ пешниҳод шаванд».
Ӯ бори дигар таъкид кард, ки «Русияи бузург шарики асосии стратегии Тоҷикистон боқӣ мемонад».
Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик нигаронӣ кард
Вазорати маориф ва илм ҷузъиёти латукӯби омӯзгорро дар мактаби №8-и Ваҳдат гуфт
Данғараи Боло–Раҳмониён, Қирғизобод-Ҳазордеҳ, Қайрағоч-Қадамҷо. Номи беш аз 500 деҳа дар Тоҷикистон иваз шуд
Ӯзбекистон ба ҳамсояҳояш пешниҳод кард, шиносномаҳои дохилии ҳамдигарро эътироф кунанд. Ин чӣ маъно дорад?
Рақобати Муин Ғафуров дар UFC бо варзишгари Ҷопон, ки ҳоло таъми бохтро начашидааст
Ҷабҳаи муқовимат гуфт, дар ҳамла ба қароргоҳи Толибон дар Панҷшер 13 толиб кушта шуд
Латукӯби омӯзгор аз сӯи волидайни як хонанда дар Ваҳдат
Русия ба Тоҷикистон зиёда аз 370 ҳазор китоби дарсии забони русӣ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Аждаҳои хуфта"
Нигаронии Қоҳир Расулзода аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста