Дубора барқарор шудани интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон яқинан ба нигаронии ҳукуматдорони Ӯзбекистон нисбат ба фишори имконпазир аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ марбут аст, - мегӯяд вакили палатаи поёнии парлумони кишвар Сӯҳроб Шарифов.
«Дар ҷаҳони муосир аз фишор ба кишвари ҳамсояи нисбатан хурд истиқбол карда намешавад, - изҳор кард дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» С.Шарифов. – Ҳукуматдорони Ӯзбекистон ба хубӣ аз ин масъала огоҳанд. Гузашта аз ин, айни замон Ӯзбекистон нияти узвият ба созмонҳои гуногуни байнулмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии тиҷоратро дорад. Бо чунин нуфузу шуҳрат ба гумон аст, ки онро ба узвият бипазиранд».
Ба андешаи вакил, ҳукуматдорони ӯзбек баҳри ба худ тобеъ кардани кишвари мо аз тамоми фишангҳои имконпазири мавҷуда истифода намуданд, аммо ба мақсад нарасиданд.
«То имкон даст медод, онҳо бо ҳама гуна методҳои дастраси имкопазир моро пахш карданӣ шуданд. Марз мингузорӣ шуд, реҷаи раводид ҷорӣ гардид, интиқоли барқу газ ва роҳҳо баста шуданд. Аммо дарк карданд, ки дигар чизе аз фишор боқӣ намондааст. Идомаи он танҳо ҷанг буда метавонад. Ҷанг бошад, ба манфиати Ӯзбекистони сарватманд нест, ки дар он метавонист бисёр чизҳоро талаф диҳад. Мо чизе талаф нахоҳем дод, диёри мо танҳо аз куҳҳо иборат аст», - гуфт вакили парлумон.
Аз ҷониби дигар, вакил бар ин назар аст, ки бо фишорҳои худ Ӯзбекистон Тоҷикистонро маҷбур менамояд, ки роҳи ҳалли мушкилотро биҷӯяд. «Ҳар қадре ба мо зиёдтар фишор оранд, мо ҳамон қадр бештар ба худ омада, сари андеша фурӯ меравем, - иброз дошт ӯ. – Боре дар Тошканд ман аз Ислом Каримов барои дар муҳосира қарор додани Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намудам, зеро мо ба ҷустуҷӯйи воситаҳои алтернативии ҳалли мушкилот пардохтем. Ба бунёди нерӯгоҳу роҳҳо ва ғайра оғоз кардем. Ман ба ӯ гуфтам, ки онҳо бо ҳамин тарз муносибатҳоро идома бидиҳанд».
С.Шарифов муътақид аст, ки солҳои наздик ба беҳбуди муносибатҳо бо Ӯзбекистон умед бастан нашояд. «Моро мебояд аз чанголи Ӯзбекистон халос шавем, - зикр кард вай. – Рушди бахши энергетика, аз ҷумла сохтмони Марказҳои барқу гармидиҳӣ, ки бо ангишт кор мекунанд, зарур аст, то ки ҷумҳурӣ аз буҳрони энергетикӣ раҳо ёбад».
Ёдрас мекунем, ки сар аз 1-уми апрели соли ҷорӣ Ӯзбекистон интиқоли газ ба Тоҷикистонро пурра қатъ сохта, мақомоти масъули Ӯзбекистон қатъи интиқоли газро ба нокофӣ будани захираҳои он рабт дода буданд.
Қаблан, моҳи ноябри соли гузашта Ӯзбекистон ҳаракати қатораҳо тавассути роҳи оҳани қаламраваш ба самти вилояти Хатлонро манъ кард ва аввали моҳи апрели соли равон ба барчидани релсҳои ин қитъаи роҳ оғоз намуд.
Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик нигаронӣ кард
Вазорати маориф ва илм ҷузъиёти латукӯби омӯзгорро дар мактаби №8-и Ваҳдат гуфт
Данғараи Боло–Раҳмониён, Қирғизобод-Ҳазордеҳ, Қайрағоч-Қадамҷо. Номи беш аз 500 деҳа дар Тоҷикистон иваз шуд
Ӯзбекистон ба ҳамсояҳояш пешниҳод кард, шиносномаҳои дохилии ҳамдигарро эътироф кунанд. Ин чӣ маъно дорад?
Рақобати Муин Ғафуров дар UFC бо варзишгари Ҷопон, ки ҳоло таъми бохтро начашидааст
Ҷабҳаи муқовимат гуфт, дар ҳамла ба қароргоҳи Толибон дар Панҷшер 13 толиб кушта шуд
Латукӯби омӯзгор аз сӯи волидайни як хонанда дар Ваҳдат
Русия ба Тоҷикистон зиёда аз 370 ҳазор китоби дарсии забони русӣ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Аждаҳои хуфта"
Нигаронии Қоҳир Расулзода аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста