Чанде қабл дар ш. Люксембург вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гертсогии Бузурги Люксембург (бо иқоматгоҳ дар ш. Брюссел) Рустамҷон Солиев бо Президенти Палатаи савдои Люксембург Пиер Грамегна баргузор гардид.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот тарафҳо лоиҳаҳои аз ҷониби Тоҷикистон дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Люксембург 9-10 июни соли 2011 пешниҳодгардидаро, ки Палатаи савдои Люксембург онҳоро амалӣ месозад, муҳокима намуданд. Ҳамзамон мусоҳибон роҳҳои мушаххаси густариши равобити миёни ду кишварро дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ карданд.
Пиер Грамегна зикр сохт, ки лоиҳаҳои сармоягузории аз ҷониби Тоҷикистон манзургардида дар марҳилаи оғози татбиқи амалӣ қарор доранд. Тибқи гуфтаҳои ӯ, доираҳои молиявӣ ва соҳибкории Люксембург ба самтҳои коркарди маъдан, сохтмон ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мароқи хоса зоҳир менамоянд. Пиер Грамегна афзуд, ки Палатаи савдои Люксембург дар асоси маводҳои иттилоотии аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон пешниҳодгардида таҳлили дақиқи фазои сармоягузории ҷумҳуриро гузаронида, қарори тавсия додани рушди равобити дуҷонибаи иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо Тоҷикистонро ба тамоми ширкатҳо, доираҳои молиявӣ ва соҳибкории Люксембург қабул намуд.
Бо мақсади тезонидани амалигардонии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки гурӯҳи сармоягузорон ва соҳибкорони Люксембургро ташкил дода, то охири соли равон ба Тоҷикистон сафарбар кунанд.
Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик нигаронӣ кард
Вазорати маориф ва илм ҷузъиёти латукӯби омӯзгорро дар мактаби №8-и Ваҳдат гуфт
Данғараи Боло–Раҳмониён, Қирғизобод-Ҳазордеҳ, Қайрағоч-Қадамҷо. Номи беш аз 500 деҳа дар Тоҷикистон иваз шуд
Ӯзбекистон ба ҳамсояҳояш пешниҳод кард, шиносномаҳои дохилии ҳамдигарро эътироф кунанд. Ин чӣ маъно дорад?
Рақобати Муин Ғафуров дар UFC бо варзишгари Ҷопон, ки ҳоло таъми бохтро начашидааст
Ҷабҳаи муқовимат гуфт, дар ҳамла ба қароргоҳи Толибон дар Панҷшер 13 толиб кушта шуд
Латукӯби омӯзгор аз сӯи волидайни як хонанда дар Ваҳдат
Русия ба Тоҷикистон зиёда аз 370 ҳазор китоби дарсии забони русӣ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Аждаҳои хуфта"
Нигаронии Қоҳир Расулзода аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста