Пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, мақомоти раҳбарии Тоҷикистон изҳор кардааст, ки  ба минбаъд боқӣ мондани пойгоҳи низомӣ ва дигар иншооти Русия дар қаламрави кишвар манфиатдор аст.

«Мо масъалаҳои марбут ба будубоши пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистонро баррасӣ кардем», - зикр кард С.Лавров ва илова намуд, ки пойгоҳи низомии мазкур амнияти умумии дастаҷамъӣ дар доираи қарордодҳои дар СААД қабулшударо таъмин мекунад ва воҳидҳои пойгоҳ ба Қувваҳои дастаҷамъии зудамали ин созмон шомиланд.

Ба гуфтаи вай, имрӯз Тоҷикистон манфиатдории худро ба боқӣ мондани пойгоҳи низомӣ ва дигар иншооти Русия дар қаламраваш тасдиқ намуд.

Дар посух ба суоли имзои созишномаи нав миёни Тоҷикистону Русия дар бораи будубоши пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави ҶТ, С.Лавров иброз дошт, ки лоиҳаи созишнома мавриди гуфтушуниди ҷонибҳо қарор дорад.

«Гуфтушунидҳо идома меёбанд. Президенти Тоҷикистон изҳор кард, ки ҷиҳати суръат бахшидан ба ҷараёни гуфтушунид бобати ба имзо расонидани созишномаи нав дар бораи будубоши низомиёни Русия дар Тоҷикистон супоришҳо дахлдор хоҳад дод ва мо низ ба ин омодаем», - афзуд С.Лавров.