- Ман дар бораи дар Тоҷикистон вуҷуд доштани гуруҳи ба истилоҳ «Ҷамоати Ансоруллоҳ ҳеҷ маълумоте надорам, лекин агар дар кишвари мо ҷонибдорони чунин ҳаракат пайдо шуда бошанд, онҳо миёни аҳолӣ ҳеҷ дастгире нахоҳанд ёфт, - муътақид аст муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони кишвар Саидумар Ҳусайнӣ.

Дар ҳамин ҳол, вакили парлумон зикр кард, ки дар Тоҷикистон ба ин монанд гуруҳҳо метавонанд танҳо хеле пинҳонӣ вуҷуд дошта бошанд. «Тайи даҳсолаҳои ахир дар саросари ҷаҳон гуруҳҳои зиёди террористиву ифротгаро арзи вуҷуд карда, ба худ номи арабӣ интихоб намуданд, вале донишмандони ислом бояд моҳияти акфори онҳоро ба хубӣ сарфаҳм рафта, миёни онҳо ва ҷонибдорони исломи анънанавӣ тафовут гузоранд», - гуфт вакил.

Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки созмонҳое чун «Ҷамоати Ансоруллоҳ» метавонанд бо кумаку дастгирии неруҳои манфиатдоре таъсис дода шаванд, ки мақсадашон бадномкунии ислом дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.