Дар шаҳри Хуҷанд раиси ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Адҳам Мирсаидов бо сиёсатмадорони ҷавони вилояти Суғд мулоқот анҷом дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз қароргоҳи марказии ҲХДТ хабар доданд, зимни мулоқот ба ҳозирин вазифа ва ҳадафҳои ҷиноҳи ҷавонони ҳизб ва қоидаҳои қабул ба сафи ин ташкилот шарҳу тавзеҳ дода шуданд.

Сиёсатмадорони ҷавон ба саволҳои худ оид ба мавқеи ташкилоти «Созандагони Ватан» дар раванди рӯйдодҳои кишвар ва минтақа посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Ёдрас мекунем, ки Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ моҳи апрели соли гузашта таъсис дода шуда, моҳи ноябр дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Айни замон шумори аъзои ташкилот ҳудуди 12 ҳазор нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҳудуди 52 ҳазор нафар аъзои ҷавони ҲХДТ низ ба сафҳои ташкилоти «Созандагони Ватан» шомил шуданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он 160 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.