Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади содда гардонидани низоми раводид ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ҷалби сармоя, рушди тиҷорат ва туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, барои баррасии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.

Ҳафтаи гузашта дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин лоиҳа мавриди муҳокима ва дастгирӣ қарор гирифт. Лоиҳаи Қонунро муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон М. Собиров муаррифӣ намуд.

 Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, мутобиқи моддаи 1 лоиҳаи Қонуни мазкур ба моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда мешавад: “Тартиби яктарафаи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намудани низоми бераводид бо кишварҳои хориҷиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд”.

Бояд қайд намуд, ки қаблан чунин меъёр дар қонунгузории кишвар вуҷуд надошт ва низоми бераводид танҳо тариқи бастани созишномаҳои байналмилалии дуҷонибаю бисёрҷониба бо ин ё он давлат ҷорӣ карда мешуд.

Масъалаи содда намудани низоми рафтуомади шаҳрвандони хориҷӣ мавриди таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва Вазорат қарор дорад. Аз ин пеш – дар соли 2009 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳо оид ба тартиби ба расмиятдарорӣ ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ» қабул гардида буд, ки мутобиқи он шаҳрвандони 79 давлат раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври содда аз намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас менамоянд. Зиёда аз ин, раводиди навъи «туристӣ»-ро шаҳрвандони хориҷӣ дар дохил ва хориҷи кишвар бо арзиши 25 доллари ШМА ва бо тартиби содда дастрас мекунанд.

Дар сурати қабул гардидани Қонуни мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият пайдо мекунад, ки бо қабули қарори дахлдори худ яктарафа ва бидуни имзо намудани созишномаи махсус барои дилхоҳ кишвари хориҷӣ низоми бераводид ҷорӣ намояд. Лоиҳаи Қонуни мазкур аз буҷаи давлат маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

 Ин иқдом раванди омаду рафти шаҳрвандони хориҷиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба хориҷи кишвар боз ҳам содда гардонида, низоми вуруду хуруҷи онҳоро ба танзим медарорад.

Айни замон, чунин таҷриба дар як қатор кишварҳои ҷаҳон ривоҷ дорад. Масалан, Ҷумҳурии Туркия, Малайзия, Ҷумҳурии Мисри Араб ва Сингапур барои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷониба реҷаи бидуни раводидро ба мӯҳлати то як моҳ ҷорӣ намудаанд.

Баъд аз қабул гардидани Қонуни зикршуда, Ҳукумати ҶТ имкон пайдо мекунад, ки бо Қарори дахлдори худ барои як қатор давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, Осиё, Америкаи шимолӣ низоми якҷонибаи бераводидро ҷорӣ намояд.

Барои муайян ва ворид намудани кишварҳои хориҷӣ ба ин низом дар Вазорати корҳои хориҷӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Гурўҳи корӣ ҳангоми интихоби давлатҳои эҳтимолӣ, пеш аз ҳама, сатҳи муносибатҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодии Тоҷикистонро бо онҳо, инчунин имкониятҳои ҷалби сармоя ва туризмро ба назар мегирад.

Ҳамин тариқ, ҷорӣ намудани низоми бераводид барои шаҳрвандони кишварҳои тараққикарда метавонад шароити мусоидро ҷиҳати рушди ҳамкориҳо, аз ҷумла, ҷалби сармоягузорон фароҳам сохта, ба рушди минбаъдаи тиҷорату туризм ва иқтисодиёти кишвар мусоидат намояд.