Имрӯз зимни суханронӣ дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани хобгоҳи навбунёди мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз падару модарон ва аҳли ҷомеа даъват кард, ки дар баробари ҳукумат ва коллективи омӯзгорон дар тарбияи насли наврас ва ба маълумоти кофӣ соҳиб гаштани онҳо фаъолона саҳм гиранд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар суханронӣ ва вохӯрӣ бо толибилмони ин литсей сарвари давлат ба сохторҳои марбутаи давлатӣ супориш дод, ки барои омӯзгорони эҳтиёҷманди ин муассисаи таълимӣ як хонаи истиқоматии бисёрошёна бунёд намуда, онро то оғози соли хониши 2013 ба истифода супоранд.

Дар ҳамин ҳол, дар ҳошияи сафари корӣ ба вилояти Суғд сарвари давлат пагоҳ аз шаҳрҳои Конибодому Исфара боздид мекунад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, бо иштироки президент дар шаҳри Конибодм машварати фаъолони вилоят доир гардида, дар он аз фаъолияти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи вилояти Суғд дар зарфи 5 моҳи соли равон натиҷагирӣ мешавад.

Дар шаҳри Исфара Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаҳои коркарди хушкмева аз наздик ошно гардида, дар маросими ҷудо кардани қитъаҳои замин ба аҳолии ниёзманди ҷамоати Моҳпарӣ иштирок хоҳад кард.

Дар ҷараёни сафар ба вилояти Суғд рӯзи 14-уми июн президенти Тоҷикистон аз марҳилаи ниҳоии тамринҳои низомии зиддитеррористии кишварҳои узви СҲШ назорат хоҳад кард. Тамринҳои мазкур рӯзи 7-уми июн дар машқгоҳи Чоруқдаррон оғоз гардида буданд.