Душанбе. 13-уми июн. «Азия-Плюс» — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба муносибати таҷлили солгарди қабули Эъломия дар бораи Истқлолияти давлатии Федератсияи Русия барқияи табрикӣ фиристод.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар барқия зикр мегардад, ки Тоҷикистон сатҳи ноилгардидаи муносибатҳои шарикии стратегӣ миёни кишварҳоро муҳиму баланд арзёбӣ мекунад.

Дар идомаи барқия Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ мекунад, ки бо кӯшишҳои тарафайн ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба таконӣ наву ҷиддӣ бахшида хоҳад шуд.

Президенти Тоҷикистон ҳамтои русиягии худро мутамин сохтааст, ки Тоҷикистон баҳри амалӣ гардидани қарордодҳои дуҷониба ҷиҳати таҳкиму густариши муносибатҳо аз тамоми имконот истифода хоҳад кард.