Собиқ котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон, феълан раиси Кумитаи парлумон оид ба мудофиа, амният ва тартиботи ҳуқуқӣ Амирқул Азимов бо Ордени Фахрии Русия сарфароз гардонида шуд. Дар қабули тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Русия орденро ба А.Азимов сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов тақдим кард.

Фармон дар бораи сарфароз гардонидани А.Азимов бо орден моҳи апрели соли равон аз ҷониби собиқ президенти Русия Дмитрий Медведев ба имзо расида буд. Пас аз гирифтани орден, Амирқул Азимов изҳор кард, ки «ин гувоҳи эҳтиром гузоштан ба мардуми ман аст ва тасдиқ месозад, ки тавре мо бо Русия ҳамроҳ ҳастем, ҳамеша ҳамчунин боқӣ хоҳем монд».

«Дар Русия 80%-и муҳоҷирони тоҷик кору зиндагӣ мекунанд ва ин худ як раъйпурсиест барои бо кӣ минбаъд будани Тоҷикистон, - гуфт номбурда. – Ҳеҷ мушкилот ё иғвоангезиҳои баъзе ВАО ба рушди рӯзафзуни муносибатҳои дӯстонаи мо халал ворид нахоҳанд сохт».

Сафири Русия ҳамчунин ба муовини ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Вероника Чигрина ва раиси Ҷамъияти Пушкини Тоҷикистон Татяна Герман медалҳои ба номи Пушкинро тақдим намуд.