Аз аввали моҳи июни соли равон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба баргузории як силсила чорабиниҳо ба муносибати таҷлили ҷашни 15-умин солгарди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ оғоз кард. Санаи 27-уми июн дар Тоҷикистон ҳамасола ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҲНИТ Муҳаммадалии Ҳайит хабар дод, дар доираи ин чорабиниҳо имрӯз вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз ҲНИТ Сайидумар Ҳусайнӣ бо аҳолии ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон мулоқот анҷом дод.

Чорабиниҳои ҲНИТ бахшида ба ин ҷашн бо баргузории мизи гирд, ки дар он иштироки мақомоти раҳбарии ҳизб, намояндагони ҳукумати ҷумҳурӣ, Комиссияи оштии миллӣ, собиқ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик дар назар аст, ба итмом мерасанд. Мизи гирди мазкур санаи 24-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд доир мегардад.