Рӯзи 14-уми июн дар шаҳри Кобул Конфронс оид ба Афғонистон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои «Қалби Осиё» доир гардид, ки дар кори он ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ ширкат варзид.

Зимни суханронӣ дар конфронси мазкур Ҳамрохон Зарифӣ чораҳои андешидаи коршиносон оид ба таҳкими эътимодро қаноатбахш арзёбӣ намуда, зикр кард, ки ба масоили таҳкими ҳамкориҳо дар бахши таъмини амният, аз ҷумла мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебояд таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд.

Дар баробари ин қайд гардид, ки ҳалли мушкилоти Афғонистон ва барқарор кардани сулҳу субот дар ин кишвар танҳо тавассути истифодаи методҳои қудрату зӯроварӣ кофӣ нест ва бештар мебояд ба ҷанбаҳои иқтисодии ҳалли мушкилот рӯ овард.

Дар робита ба ин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз Конфронси 5-уми минтақавии ҳамкории иқтисодӣ оид ба Афғонистон дар моҳи марти соли равон ёдовар шуда, зикр кард, ки дар он доир ба рушди зербино, аз ҷумла бахшҳои энергетикаву нақлиёт  як қатор лоиҳаҳо пешниҳод гардида буданд.

Ҳамчунин Ҳамрохон Зарифӣ таъсиси Маркази минтақавии гуногунҷабҳаи омодасозии кадрҳо барои бахшҳои гуногуни Афғонистонро муҳим арзёбӣ намуд. Дар фарҷом Ҳ.Зарифӣ муҳим будани амалисозии лоиҳаҳои зикршударо таъкид сохта, аз кишварҳои мададрасон ва созмонҳои байнулмилалӣ даъват кард, ки дар татбиқи ин лоиҳаҳо ширкат варзида, онҳоро дастгирӣ кунанд.