Имрӯз муовини президенти Эрон Лутфулло Фурӯзанда ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре аз намояндагии дипломатии Эрон дар Душанбе хабар доданд, дар ҷараёни сафари якрӯза муовини президенти Эрон бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид анҷом хоҳад дод.

Ба иттилои манбаъ, Лутфулло Фурӯзанда ба Эмомалӣ Раҳмон паёми шахсии президенти кишварашро месупорад, ки дар он Маҳмуди Аҳмадинажод Эмомалӣ Раҳмонро барои иширок дар кори ҷаласаи 16-уми сарони давлатҳои Ҷунбиши адами тааҳуд ё ҳаракати кишварҳои ҳамроҳнашуда даъват мекунад. Ҷаласаи мазкур рӯзҳои 30-31-уми август дар Теҳрон баргузор мешавад.

«Ғайр аз ин, муовини президенти Эрон ва Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин масоили рафти амалисозии созишномаҳои қаблан миёни кишварҳо баимзорасида дар бахшҳои нақлиёту коммуникатсия ва энергетикаро низ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд», - гуфтанд дар сафорати Эрон дар ҶТ.