Сафири нави Туркманистон дар Тоҷикистон Чинор Рустамова ба Душанбе омада, ба иҷрои вазифаҳои худ шурӯъ кард.

Тавре аз сафорати Туркманистон дар Тоҷикистон хабар доданд, ахири моҳи майи соли равон бо фармони президенти Туркманистон Чинор Рустамова сафири Туркманистон дар Тоҷикистон таъин шуд.

Рустамова қаблан дар вазифаи мушовири сафорати Туркманистон дар Ҳиндустон ифои вазифа мекард. Дар Туркманистони кунунӣ Рустамов дуюмини занест, ки ба ӯ мақоми сафири фавқулода ва мухтор дода шудааст.

Соли 1995 ба ин мақом нахуст собиқ вазири тандурустии Туркманистон Аксолтан Отаева сазовор гардида буд. Аз соли 1995 Отаева намояндаи доимии Туркманистон дар назди СММ буда, хамзамон вазифаҳои сафири Туркманистон дар Куба (аз моҳи июли соли 2008) ва Бразилия (аз моҳи июли соли 2011)-ро низ бар дӯш дорад.