Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Хадиҷа Ҳакимова аз олам даргузашт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз палатаи поёнии парлумон хабар доданд, Хадича Ҳакимоваи 49-сола чанде қабл дар яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Душанбе ҷарроҳӣ шуда будааст.

Х.Ҳакимова вакили палатаи поёнии парлумон дар даъвати сеюм буда, дар даъвати чорум мутобиқи рӯйхати Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба узвияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шуд. Дар палати поёнии парлумон Х.Ҳакимова вазифаи муовини раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсонро бар уҳда дошта, ба ҳайти Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) шомил буд. Оиладор, соҳиби чаҳор фарзанд аст.

Хадича Ҳакимова имрӯз дар зодгоҳаш – ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ба хок супурда шуд.