Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор ба Ҷумҳурии Федеративии Бразилия сафар кард.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахт Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент Бахтиёр Худоёров ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин сафар президенти Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири мелиоратсия ва захираҳои об Раҳмат Бобокалонов, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Сироҷиддин Аслов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.