Дар мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо ҳайати парлумонии Радаи Олии Ҷумҳурии Украина, аъзои гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ таҳти роҳбарии Павел Унгурян масъалаи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташрифи ҳайати парлумони Украина ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистонро фоли нек арзёбӣ намуда, ин бозидро барои густариши муносиботи байнипарлумонии ду кишвар муҳим унвон кард.

Шукурҷон Зуҳуров бо ишора ба равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Украина таъкид кард, ки миёни Радаи Олии Украина ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ фаъолият дорад ва амал намудани чунин гурӯҳҳо барои ривоҷу равнақ ёфтани ҳамкориҳои мо шароити мусоидро фароҳам меорад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи муносиботи байрипарлумонии ду кишварро нокофӣ хонда, ҳамзамон изҳор дошт, ки ҳарду ҷониб бояд аз имконот ва зарфиятҳои мавҷуда ҷиҳати таҳкими ин муносибот самаранок истифода намоянд. «Ҳамкориҳои байнипарлумонии мо танҳо дар доираи Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар сохторҳои байналмилалии байнипарлумонӣ маҳдуд шудааст»,- гуфт Шукурҷон Зуҳуров ва илова намуд, ки муносиботи мо бояд дар сатҳи дуҷониба бештар ривоҷу равнақ ёбад, боздидҳои ҳайатҳои парлумонии Тоҷикистону Украина аз кишварҳои якдигар, омӯзиш ва истифода аз таҷрибаи қонунофарии парлумонҳои ҳамдигар метавонанд ба рушди ҳамкориҳои байнипарлумонии ҷумҳуриҳои мо кӯмак кунанд.

Шукурҷон Зуҳуров дар идомаи сӯҳбат изҳор дошт, ки тақвияти муносиботи байнипарлумонӣ миёни кишварҳои мо омили муҳими густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои дигари ҷомеаи Тоҷикистон ва Украина метавонад бошад, аз ин рӯ ин ҳамкориҳо бояд ҳарчи бештар тақвият ёбанд, то фазои ҳуқуқиву қонунӣ барои инкишофи дигар бахшҳо боз ҳам бештар гардад.

Роҳбари ҳайати парлумонии Радаи Олии Ҷумҳурии Украина Павел Унгурян барои пазироии самимона ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, изҳор дошт, ки парлумони кишвараш омода аст, ҳамкориҳои худро бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш диҳад.

Мавсуф таъкид кард, ки таҳкими муносиботи байнипарлумонии Украина ва Тоҷикистон ба манфиати ҳарду ҷониб буда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди ҳамкорӣ заминаи боэътимод эҷод мекунад.  

Дар мулоқот дигар мавзӯоти мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо баррасӣ шуданд.