Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳукми имрӯз содиршудаи суди шаҳри Ваҳдат нисбат ба писарашро мунсифона арзёбӣ кард.

«Аммо дар қалби ман нисбат ба кӯдаки дар садама бо иштироки писари ман ҳалокшуда ғаму андуҳ боқӣ мемонад», - гуфт М.Кабирӣ.

Ӯ ҳамчунин гуфт, шахсан дар мурофиаи судӣ иштирок надоштааст, зеро ҳамчун вакили палатаи поёнии парлумон дар кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагон машғули кор будааст.

«Пас аз озод шудани писарам аз ҳабс ман то ҳол ӯро надидаам, вале ба ман хабар доданд, ки Муҳаммад дарҳол пас аз берун омадан аз толори суд ба деҳаи Андигони Боло рафтааст, то ки ба волидайну хешовандон ва наздикони Муҳиддин Ортиқови 12-сола изҳори тасаллият кунад», - зикр кард раиси ҲНИТ.

Имрӯз суди шаҳри Ваҳдат нисбат ба Муҳиддин Тиллозода, ки дар пахши кӯдаки 12-сола бо мошин ва боиси ҳалокати ӯ гардида буд, ҳукм содир намуд. Суд писари 21-солаи Муҳиддин Кабириро мутобиқи моддаи 212-и КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, истифодаи воситаҳои нақлиёт) айбдор дониста ӯро ба маблағи 48 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 10 ҳазор доллари ИМА) ҷарима  баст. Чун Муҳаммад Тиллозода муддати 1 моҳ дар боздоштгоҳ қарор дошт, маблағи ҷарима то 40 ҳазор сомонӣ кам карда шуд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 3-юми майи соли равон дар қаламрави шаҳри Ваҳдат як толибилми 12-сола Муҳсиддин Ортиқов зери мошини «Toyota Camry» таҳти идораи Муҳаммад Тиллозода монда, рӯзи дигар аз ҷароҳатҳои бардошта дар беморхона ба ҳалокат расид. Ин ҳодиса дар рӯзи ба хок супурдани ҷасади модари раиси ҲНИТ ба вуқӯъ пайваст.