Зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавии бахшида ба солгарди 15-уми Рӯзи Ваҳдати Миллии Тоҷикистон дар маҷмааи давлатии Кохи Борбади пойтахт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки ба Тоҷикистон даҳсолаҳо лозим мешавад, то оқибатҳои фоҷеабори ҷанги шаҳрвандиро бартараф созад.

Сарвари давлати Тоҷикистон аз рӯзҳои пурдаҳшати солҳои муноқишоти мусаллаҳона ва тавассути музокироти зиёди мураккаби тарафҳои муқобил ва ҷаҳду талошҳои тамоми нерӯҳои солими ҷомеа ба сулҳу салоҳи ҳамагонӣ расидан ёдовар шуда, мардуми Тоҷикистонро бо ин иди фархунда табрику таҳният гуфт.

«Гирди як миз овардани гурӯҳҳои ба ҳам мухолиф, муяссар шудан ба сулҳу субот ва ноил гардидан ба ваҳдати миллӣ кори саҳлу осон набуд. Вале мо ба шарофати дастгирии халқи тоҷик тавонистем, ки ба орзуи деринаи мардумамон, яъне сулҳу субот дар Ватанамон ноил гардем ва бо азми қавӣ барои эъмори давлате саъю талош намоем, ки дар он эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал қарор дошта бошад», - гуфт ӯ.

Сарвари давлат аз саҳми аъзои Комисссияи оштии миллӣ дар расидан ба сулҳу созиш ёдовар шуда, изҳор дошт, ки «аъзои Комиссияи оштии миллӣ ва гурӯҳҳои коршиносон дар раванди таъмини сулҳи тоҷикон заҳмати зиёд кашиданд ва аз иҷрои вазифаҳои дар ӯҳда доштаашон ба хотири иҷрои санадҳои баимзорасида муваффақона баромаданд, ки ба ҳамаи онҳо миннатдорӣ баён мекунам».

«Бо мақсади дар рӯҳияи худшиносӣ ва ватандӯстиву инсонпарварӣ ба воя расонидани насли наврас, аз ҷониби онҳо амиқан дарк гардидани муҳимияти пойдории ваҳдати миллӣ дар бунёди ҷомеаи демокративу адолатпарвар, нақши ваҳдати миллӣ дар таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатии Ватани азизамон зарур аст, ки ҳангоми тадриси фанҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва миёнаву олии касбӣ мавзӯи «Ваҳдати миллии тоҷикон» дохил карда, ба хонандагон аҳамияти ин масъала омӯзонида шавад», - пешниҳод намуд сарвари давлат.

Ғайр аз ин, дар фарҷоми суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки яке аз хиёбонҳо ва ё майдонҳои пойтахт Ваҳдати миллии Тоҷикистон номида шуда, дар он рамзи Ваҳдати ҷовидонаи мардуми кишвар гузошта шавад.