Иттиҳоди Аврупо намояндаи нави махсуси худ дар минтақаи Осиёи Марказиро таъин кард.

Бино ба иттилои интишоршуда дар сомонаи расмии Иттиҳоди Аврупо, дар ин мансаб Пйер Морелро Патрисия Флор иваз мекунад. Беҳбуди муносибатҳои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бо давлатҳои минтақаи Осиёи Маркази аз ҷумлаи вазоифи намояндаи махсуси ИА аст.

Ҳамчунин намояндаи махсус аз ҷараёни равандҳои демократӣ ва риояи ҳуқуқи инсон дар минтақа мушоҳида карда, аз болои амалисозии Стратегияи ИА оид ба Осиёи Марказӣ назорат мебарад.

Патрисия Флор дипломати баландпояи олмонӣ буда, беш аз 20 сол собиқаи корӣ дорад. Ӯ ҳамчунин дар кишварҳои собиқи шӯравӣ, аз ҷумла давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ низ фаъолият кардааст. Аз моҳи марти соли 2011 П.Флор ба ҳайси намояндаи махсуси Олмон дар Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ифои вазифа менамуд.

Патрисия Флор 1-уми июли соли 2012 сари мансаб меояд. Нахуст ваколати ӯ то 30-юми июни соли 2013 амал хоҳад кард.