Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пагоҳ бо сафари расмии дурӯза ба Туркманистон меравад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, зимни сафари расмии сарвари давлати Тоҷикистон ва дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов имзои як қатор созишномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар назар аст.
Дар ҳамин ҳол, бинои ба иттилои васоити ахбори умуми Туркманистон, санаи 20-уми август дар Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон бо ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии мушовири президенти Тоҷикистон оид ба масоили сиёсӣ Зафар Саидов мулоқот доир гардидааст.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ВКХ-и Турманистон, дар ин мулоқот баррасии масъалаи сафари қарибулвуқӯи президенти Тоҷикистон ба Туркманистон дар маркази таваҷҷуҳ қарор доштааст.
Зикр гардидаст, ки вохӯрии ҳайатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар сатҳи олӣ дар Ашқободро дар Тоҷикистон зинаи нави муҳими густариши дӯстиву ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ мекунанд.
Дар Тоҷикистон кӯдакон дигар идгардак намекунанд
Кӣ ва чӣ тавр ба тоҷикон дар Русия кӯмак мекунад?
КҲФ боз аз хатари омадани селҳо огоҳ кард
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Хатлон 100% иҷро шуд
Вазорати меҳнат: Барои кор дар Британия ба ширкатҳои иҷозанадошта муроҷиат накунед!
Кумитаи андоз исми 16 блогерро нашр карда гуфт, онҳо ба "соҳибкории ғайриқонунӣ машғуланд"
Дар орзуи шароити хуби корӣ. Кӯҳнадӯзони Хуҷанд дар барфи зимистону гармои тобистон чӣ кор мекунанд?
Тоҷикистон барои сохтмони пули дарозтарин дар кишвар қарз дарёфт кард
Боздошти як корманди Комиссариати ҳарбӣ барои гирифтани пора дар Темурмалик
Раиси пешин ва нави ҲДТ дар интизори хулосаи Вазорати адлия. Усмонзода аз мандати вакили парлумон маҳрум мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста