Ахири моҳи август президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Теҳрон меравад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон хабар доданд, инҷо сарвари давлати Тоҷикистон дар кори нишасти сарони кишварҳои Ҷунбиши адами тааҳҳуд ё худ Ҳаракати кишварҳои ҳамроҳнашуда, ки аз 29 то 31-уми август дар пойтахти Эрон доир мегардад, ширкат хоҳад варзид.
Ба иттилои манбаъ, алҳол дар доираи кори ин нишаст баргузор гардидани мулоқоти сарони кишварҳои Эрону Тоҷикистон маълум нест, вале «бо назардошти муносибатҳои дӯстонаи кишварҳо ва дӯстии шахсии Эмомалӣ Раҳмону Маҳмуди Аҳмадинажод метавон ҳадс зад, ки ин мулоқоти хосса баргузор хоҳад шуд».
Ҷунбиши адами тааҳҳуд созмони байнулмилалӣ буда, соли 1955 таъсис ёфтааст. Ба ҳайати он 118 кишвар шомиланд, ки ҳамроҳ нашудан ба ҳеҷ кадоме аз эътилофу иттиҳодҳоро эълом доштаанд. Нишастҳои ҳаракат дар сатҳи сарони кишварҳои узв 15 маротиба доир гаштаанд. Нишасти охирини ин Ҷунбиш аз 11 то 16-уми моҳи июли соли 2009 дар Миср баргузор шуд. Ҳайати Ҳаракат аз 53 кишвари Африқо, 39 давлати қораи Осиё, 26 кишвари Амрикои Лотинӣ ва 1 давлати Аврупо иборат аст.
Вазорати меҳнат: Барои кор дар Британия ба ширкатҳои иҷозанадошта муроҷиат накунед!
Кумитаи андоз исми 16 блогерро нашр карда гуфт, онҳо ба "соҳибкории ғайриқонунӣ машғуланд"
Дар орзуи шароити хуби корӣ. Кӯҳнадӯзони Хуҷанд дар барфи зимистону гармои тобистон чӣ кор мекунанд?
Тоҷикистон барои сохтмони пули дарозтарин дар кишвар қарз дарёфт кард
Боздошти як корманди Комиссариати ҳарбӣ барои гирифтани пора дар Темурмалик
Раиси пешин ва нави ҲДТ дар интизори хулосаи Вазорати адлия. Усмонзода аз мандати вакили парлумон маҳрум мешавад?
Қазоқистон ба Тоҷикистон барои таҳсили IT-мутахассисон 100 ваучер дод
Тағйироти кадрӣ: писари Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифа рафт
Роҳбари ширкатеро, ки автобусаш дар Петербург ба дарё афтод, низ ду моҳ ба ҳабс гирифтанд
Дар Душанбе як зан фарзанди нахустини худро дар "Олуча Такси" ба дунё овард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста