Ба идораи ОИ «Азия-Плюс» мактуби кушоде расид, ки аз номи сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба унвони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон фиристода шудааст.

Дар мактуб сокинони Бадахшон барои омодагӣ ба сафар ба ин минтақа ба президент изҳори миннатдорӣ намуда, ҳамзамон аз вазъи мавҷуда дар Бадахшон дар остонаи сафари сарвари давлат изҳори нигаронӣ мекунанд.

«Аз оғози амалиёти низомӣ дар Хоруғ ва то кунун мо чандин маротиба зарурати сафари Шумо ба Бадахшонро таъкид намуда будем ва ин сафарро барои тамоми Тоҷикистон тақдирсоз мешуморем, - зикр мегардад дар муроҷиатнома. – Мо умедворем, ки сафари шумо ба ба раванди ҳарчи зудтар танзим шудани ҷараёни сулҳу созиш мусоидат менамояд. Барои мо муҳим аст, ки Шумо бо чашмони худ манзараи даҳшатноки натиҷаҳои қарорҳои иштибоҳан аз ҷониби мансабдорони алоҳида қабулшударо бубинед. Ин қарорҳо ба оромиву ҳусни тафоҳум дар тамоми ҷумҳурӣ ва эътимоди мардум ба ҳукумат ҳалал ворид намуданд».

Дар муроҷиатнома гуфта мешавад, мардуми ВМКБ ҳар як сафари сарвари давлатро бо хушнудӣ истиқбол мегирифт, вале имрӯз ба ҳамдардии самими сарвари давлат умедвор аст. «Афроди ҷудогонаи сохторҳои давлатӣ кӯшиш мекунанд, ки бо сафари Шумо қарорҳои нодурусти худро рӯйпӯш созанд ва мардум, бахусус кормандони мақомоти давлатӣ, омӯзгорон, табибон, донишҷӯён ва толибилмонро бо таҳдиди аз кор озод кардан маҷбур месозанд, ки дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба сафари Шумо иштирок кунанд», - баён мегардад дар муроҷиатнома.

Дар муроҷиатнома ҳамчунин зикр мегардад, ки дар нақшаи сафар мулоқоти президент бо аҳли ҷомеаи шаҳри Хоруғ дар назар аст, вале ҳукумати вилоят қотеъона суҳбат бо сарвари давлат дар мавриди рӯйдодҳои ахири Хоруғро манъ кардааст.

«Аммо бо умедворӣ ба хиради Шумо мо қабули тасмимҳои шаффофу мунсифонаро интизорӣ дорем, то ки бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ исбот созем, ки дар кишвари мо ҳаёти ҳар як шаҳрванд, волоияти қонун ва сулҳу оромӣ баландтарин арзишҳо мебошанд», - омадааст дар муроҷиатнома.