Президенти Тоҷикистон Эмомали Раҳмон дар робита ба садамаи ҳавопаймо ва бар асари он ба ҳалокат расидани низомиён ба президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барқияи ҳамдардӣ ирсол намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия аз ҷумла зикр мегардад:

«Хабари фоҷиавии садамаи ҳавопаймои низомиву нақлиётие, ки дар назди Шимкент рух дод ва боиси ҳалокати хизматчиёни ҳарбии Хадамоти сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон гардид, маро сахт андӯҳгин намуд.

Дар ин лаҳзаҳои пур аз ғаму андӯҳ мо ба дарди Шумо нисбати ин талафоти вазнин шарик ҳастем. Хоҳишмандам ҳамдардии самимии моро ба аҳли оила ва хешу таборони шахсони ҳалокшуда изҳор намоед».

Дар суқути ҳавопаймо дар наздикии шаҳри Шимкент 27 нафар низомиёни нерӯҳои марзбонии Қазоқистон бо шумумли иҷрокунандаи вазифаи сардори нерӯҳои марзбонии Қазоқистон Турганбек Стамбеков фавтиданд.