Чанде қабл дар Бишкек вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов бо вазири маориф ва илми Қирғизистон Канат Содиқов баргузор шуд.
Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии ҶТ дар Бишкек, дар мулоқот масоили ҳарчи бештар густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф баррасӣ шуданд. «Сафир барои фароҳам сохтани шароити таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла қирғизҳои этникии Тоҷикистон дар макотиби олии Қирғизистон ба вазир изҳори миннатдорӣ кард», - зикр мегардад дар иттилоъ.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот ҳамчунин ба масъалаи фаъолияти мактабу синфҳои миллӣ барои тоҷикони Қирғизистону қирғизони Тоҷикистон ва таъмини онҳо бо китобҳои дарсии зарурӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. «Олим Раҳмов аз Канат Содиқов даъват кард, ки ба масъалаи роҳ надодан ба иғвогариҳо аз ҷониби ашхоси номақбул ва зуҳуроти таҳаммулпазирӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардад», - омадааст дар хабар.
Зимнан зикр гардид, ки дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи моҳи январи соли 2013 дар шаҳри Бишкек доир намудани чорабиниҳо ба муносибати 20-солагии роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон табодули назар сурат гирифта, Канат Содиқов ба мусоидати ҳамҷониба дар ин масъала омодагӣ зоҳир кард.
“Мадина” чӣ гуна занони бешавҳарро ба ҷои кор таъмин мекунад?
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста