Қумринисо Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов, муассиси ҳаракати мухолифи ҳукумати «Гурӯҳи-24», ки ахири моҳи декабр шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб боздошт шуда буд, ҷиҳати мусоидату кӯмак ба озодии шавҳараш ба Созмони  Афви Байналмилал (Amnesty International) муроҷиат намуд.

Дар суҳбат бо радиои «Озодӣ» рӯзи 8-уми январ Ҳафизова гуфтааст, дар муроҷиатномааш ба Созмони Афви Байналмилал навиштааст, ки дар сурати истирдорди Қувватов ба Тоҷикистон, ӯ мавриди зӯру шиканҷа ва азият қарор хоҳад гирифт. Ҳафизова дар номаи худ таъкид кардааст, ки ҳамсарашро фақат ба хотири изҳороти зидди президенти Тоҷикистон боздошт кардаанд.

«Ӯ ҳамчунин ба сафорати Амрико ва Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон низ муроҷиат карда, дархост намудааст, ки барои озодии шавҳараш аз боздоштгоҳи Дубай мусоидат кунанд», - менависад радиои «Озодӣ».

Ба иттилои ҳамин манбаъ, Умаралӣ Қувватов рӯзи 23-юми декабри соли 2012 дар фурудгоҳи шаҳри Дубай аз сӯи маъмурони амниятии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ боздошт шуд. Ба гуфтаи афроди наздик ба Қувватов, ӯ бояд аз Дубай ба Брюссел мерафт. Тоҷикистон бо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар мавриди истирдоди гумонбарҳо 5 сол пеш созишнома имзо карда буд.