Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Салимов изҳор кард, ки вазорат мухолифи ҳукуумати кунунӣ Умаралӣ Қувватовро бемори рӯҳӣ эълон накардааст.

Ба қавли вазир, бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазорат танҳо дар бораи аз соли 1998-ум то соли 2008-ум дар қайди Маркази ҷумҳуриявии клиникии равонпизишкии вазорат қарор доштани Умаралӣ Қувватов маълумот дода буд.

«Мо аз вазъи кунунии солимии ӯ огаҳӣ надорем ва агар ӯ истирдод шавад, такроран мебояд вазъи рӯҳии ӯ таҳқиқ гардад ва мутобиқи он, мо хулосаи худро пешниҳод мекунем», - гуфт Н.Салимов.

Дар робита ба маърази умум гузоштани сирри тиббӣ дар ин ҳолат вазир зикр кард, ки Вазорати тандурустӣ дар бораи вазъи рӯҳии У. Қувватов ба ВАО маълумотнома пешниҳод накардааст. «Аз чӣ гуна дастраси ВАО шудани маълумотнома ман огаҳӣ надорам. Танҳо ҳаминро медонам, ки бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мо ба онҳо маълумот пешниҳод кардем, вале минбаъд чӣ тарз сурат гирифтани масъаларо шумо аз онҳо бояд ҷӯё шавед», - изҳор кард Н.Салимов.

Ӯ ҳамчунин афзуд, танҳо суд ҳуқуқ дорад, ки У.Қувватовро бемори рӯҳӣ эълон кунад, на Вазорати тандурустӣ.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи сентябр тариқи ВАО бо истинод ба намояндагони расмии Вазорати тандурустии Тоҷикистон бобати ба бемории равонӣ мубтало будани Умаралӣ Қувватов маълумот мунташир шуд. Дар маълумоти мазкур ба гирифтории Қувватов ба навъе аз бемории «шизофрения» ё васвосӣ ишора рафта буд.  

 Қобили зикр аст, ки ду сол қабл дар шаҳри Маскав чанде аз тоҷирону сиёсатмадорон ва иқтисодчиёну ҷомеашиносони Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки ба як гурӯҳи ҳамфикрон муттаҳид шуда, баҳри беҳбуди вазъи кишвар на каму на зиёд ба ивази ҳокимияти кунунии Эмомалӣ Раҳмон даст бизананд. Онҳо дар бораи таъсиси иттиҳодияи сиёсии мухолифини ҳукумати Тоҷикистон – «Гурӯҳи 24» эълом доштанд, ки онро Умаралӣ Қувватов сарварӣ мекунад.