Зимни суҳбат бо Дидиер Лирой, сафири Фаронса дар Тоҷикистон раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ изҳор дошт, ки «вақте Исломро чандон дуруст матраҳ намекунанд ва онро бештар дар чеҳраи Толибон ва равияҳои тундрав мебинанд, ин ба тарзе зулм нисбати Ислом ва мусалмонон аст».
Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, дар идома М.Кабирӣ зикр кардааст, ки Исломи Муҳаммадӣ, як дини муътадил, созанда ва сулҳофар буда, ҲНИТ маҳз дар заминаи ҳамин гуна шинохт аз Ислом сиёсатҳои хешро амалӣ мекунад.
Ҷаноби Дидиер Лерой ишора фармуд, ин мулоқот дар чаҳорчӯбаи барномаи аз ҷониби сафорати Фаронса ҷиҳати дидору мулоқот бо чеҳраҳои сиёсӣ ва мазҳабии Тоҷикистон пешниҳодшуда доир мегардад.
«Муҳиддин Кабирӣ аз мавқеъгириҳои созандаи Фаронса дар масоили марбут ба олами Ислом, аз ҷумла Фаластин, қадрдонӣ намуда, онро барои дигар кишварҳои Аврупо намуна донист ва инчунин кумакҳои васеъи ин кишварро ба Тоҷикистон ва ҳамкориҳои стротежиро мусбат арзёбӣ намуд», - гуфтанд дар қароргоҳи марказии ҲНИТ.
“Мадина” чӣ гуна занони бешавҳарро ба ҷои кор таъмин мекунад?
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста