Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як зумра масъулон аз ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор машварати корӣ доир намуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар машварат масоили созандагию бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунии муҳити зист ва дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ баррасӣ шуд.
Сарвари давлат гузориши шахсони масъулро доир ба мавзӯъҳои машварат шунида, дар назди роҳбарони сохторҳои масъул барои тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, шинондани ниҳолҳои сояафкану ороишӣ, бунёди боғу токзори нав, барқарорсозии боғоти кӯҳна, вусъат додани корҳои созандагӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои иловагии корӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.
Аз роҳбарони тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ новобаста аз шакли моликият, соҳибкорон ва дигар шахсиятҳои саховатпеша даъват карда шуд, ки ба манзури риоят аз анъанаҳои таҷлили ҷашну идҳои пурифтихор дар арафа ва рӯзҳои Наврӯзи хуҷастапай – иди байналмилалии Наврӯз ба ятимону бепарасторон, пирону барҷомондагон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар ниёзмандон дасти кумак дароз намоянд.




Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста