Дар доираи сафари корӣ ба Туркия раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва ҳайати ҳамроҳони вай ба шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия ташриф оварда, нахуст оромгоҳи шоирон, олимон ва мутафаккиронии бузурги олами Шарқ Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ ва Шамси Табрезиро зиёрат намуданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар, маъмурияти оромгоҳ ба Шукурҷон Зуҳуров ду ҷилди ба тозагӣ ба нашр расидаи китоби «Девони кабир»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румиро ҳамчун расми эҳтиром ба сиёсатмадори шинохта тақдим намуд.

Ба иттилои манбаъ, дар роҳи бозгашт ба ватан аз Туркия Шукурҷон Зуҳуров бо тоҷирони шаҳрҳои Истанбулу Кунияи ин кишвар мулоқот анҷом дод.

«Дар ҷараёни мулоқот бо тоҷирони туркӣ раиси Маҷлиси намояндагон барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани ҳамкориҳои тиҷоратӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Туркия як қатор таклифу пешниҳодҳои ҷолиб ироа намуда, онҳоро ба ҳарчи бештар густариши додани ҳамкориҳо бо Тоҷикистон даъват кард», - гуфта мешавад дар иттилои хадамоти матбуоти МН МО ҶТ.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин изҳор намудааст, ки алҳол дар Тоҷикистон 64 корхонаҳои муштарак ва корхонаҳо бо сармояи туркия ба қайд гирифта шуда фаъолият менамоянд. «Корхонаҳои бо сармояи туркия амалкунанда инҳо мебошанд: «Азия- Трейдинг Шипинг Со», «Аге-Текар», «Комбинед –Аге-Текар», «Миск Интернейшнл Лтд», «Текмаксан», «Центр Азия Дистрибьюшин», «Осмони соф». Асоси фаъолияти ин корхонаҳо барои тиҷорат, сохтмон, хизматрасонӣ ва дигарҳо нигаронида шудааст. Ширкатҳои сохтмонии турки «ЕNКА» «Озгюн Иншаат Таахют ве Иншаат» меҳмонхонаи панҷситорадор ва Марказҳои тиҷоратро ба сифати баланд сохта ҳоло мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд», - иброз доштааст ӯ.