Рӯзи 20-уми феврал  ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк ба Душанбе ташриф меорад.

Бино ба маълумоти расида ба ОИ «Азия-Плюс», 21-уми феврал мулоқоти ӯ бо президенти Точикистон Эмомалӣ Раҳмон  оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои судманд миёни кишварҳо ва вазъият дар Афғонистон дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки машваратҳои аввалини сиёсии Тоҷикистону ИМА феврали соли 2010 дар Вашингтон доир шуда буданд. Формати машваратхои сиёсӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ташабусси маъмурияти президенти ИМА Барак Обама аз моҳи декабри соли 2009 ба роҳ монда шудааст.